This version of the page http://www.ozodi.mobi/a/28218403.html (0.0.0.0) stored by archive.org.ua. It represents a snapshot of the page as of 2017-01-21. The original page over time could change.
Нилуфар таҳти назорати пизишкон қарор гирифт. ВИДЕО

Пайвандҳои дастрасӣ

  • Ҷаҳиш ба мояи аслӣ
  • Ҷаҳиш ба феҳристи аслӣ
  • Ҷаҳиш ба ҷустор
  • ба дигарон ҳам фиристед
  • РУС
Ҷустуҷӯи матн ...
Ҷомeа

Нилуфар таҳти назорати пизишкон қарор гирифт. ВИДЕО

  • Сарвинози Руҳуллоҳ
  • Амриддин Олимов

  • Ирсол ба Facebook
  • Ирсол ба Twitter

Нилуфар Ортиқоваи 27-сола, ки баъди як ҳафтаи ҷустуҷӯҳо дар Душанбе пайдо шуд, таҳти муроқибати пизишкон қарор гирифтааст. Аммо наздиконаш гуфтанд, феълан ӯ дар хона нигаҳдорӣ мешавад ва табибон дар онҷо ба ӯ доруву дармон мекунанд. Ҳангоми ҳузури мо дар манзили волидони Нилуфар, вай дар ҳуҷраи алоҳида дуохонӣ ҳам мешуд.

Ҳеҷ вақт бовар надоштам, ки дар ҳақиқат мардум ба мо ёрӣ мекунанд.

Нилуфар шоми 30 декабри соли 2016 аз ошёнаи дувуми хонаи падараш дар шаҳри Турсунзода худро ба поин андохтааст, ки дар натиҷа як пояш шикаставу сутунмуҳрааш осеб дидааст. Аммо ба ин нигоҳ накарда, вай ҳафт рӯзи фасли зимистон дар кӯчаҳои пойтахт ва дар ҳолати бади равонӣ зиндагӣ кардааст.

Наврӯз Ортиқзода бо ҷиянаш Беҳзод

Наврӯз Ортиқзода, бародари Нилуфар Ортиқова, рӯзи 7 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки хоҳарашро роҳгузарон дар назди Донишгоҳи техникии Душанбе дида, ба онҳо тамос гирифтанд. “Як бандаи мусалмон занг зад ва гуфт, духтареро, ки дар Фейсбук ва Радиои Озодӣ гумшуда эълон карданд, пайдо намудем ва ҳоло дар назди каҳвахонаи Вазорати молия аст. Инсонҳои хуб будаанд, ки то рафтани мо Нилуфарро дар онҷо нигоҳ доштанд. Тасаввур намекунед, ки мо то чӣ ҳадд хурсанд будем”, - афзуд ӯ.

Наздикони Нилуфар мегӯянд, ӯ давоми як ҳафтаи бедаракшавӣ дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе гаштугузор карда, шабона ба эҳтимоли зиёд дар даромадгоҳи биноҳои баландошёна хобидааст. Ҳоло, ба гуфтаи бародари Нилуфар, ӯ чизеро дар ёд надорад ва ҳатто парешону нофаҳмо сухан мегӯяд. Вай аз он изҳори хушнудӣ дорад, ки хоҳараш сиҳату саломат пайдо шудааст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Дар миёни аксу ҳуҷҷатҳо таваҷҷӯҳи моро санади ронандагӣ ва шаҳодатномаи хатми мактаби Нилуфар ҷалб кард

“Ростӣ, ман аз тамоми онҳое, ки ба мо кумак карданд, минатдорам. Ҳеҷ вақт бовар надоштам, ки дар ҳақиқат мардум ба мо ёрӣ мекунанд. Ҳатто нафароне буданд, ки гуфтанд баробари дидани Нилуфар бо сару либоси тунук дар фасли зимистон барояш кумак кардаанд, ғизо доданд, ба ивази нони додаашон пул талаб накарданд”, - қисса кард бародари Нилуфар.

Наздикони Нилуфар, ки феълан донишҷӯи соли севуми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аст, мегӯянд, мушкили равонии духтарашон баъди оиладор шуданаш сар шуд. Беҳзоди дусола ягона писари Нилуфар аст, ки ҳоло бобову бибиаш нигоҳубин мекунанд. Наврӯз Ортиқзода мегӯяд, барояшон муҳим ин буд, ки Нилуфарро зинда пайдо карданд, то тилфаш бе модар намонад. Ӯ гуфт, “барои ҳар кӯдак доштани падару модар муҳим аст. Фарзанди Нилуфар хеч гуноҳ надорад, вай ҳам шояд мехоҳад калон шаваду дастёри модараш шавад. Ҳама кӯшиши мо ба хотири ҳамин буд, ки кӯдак бе модар намонад.”

Табибон мегӯянд, фирори Нилуфар аз хонавода маҳсули фишори равонӣ аст ва то ба худ омадани ӯ як муддат вақт зарур аст.

Ҳангоми дидор аз хонаи волидони Нилуфар, модараш аксҳои зиёди ӯро, ки давоми шаш соли фаъолият ба ҳайси корманди шуъбаи интиқоли пул дар Бонки рушди Тоҷикистон аккосӣ шуда буд, дар ихтиёри мо гузошт. Дар миёни аксу ҳуҷҷатҳо таваҷҷӯҳи моро санади ронандагӣ ва шаҳодатномаи хатми мактаби Нилуфар ҷалб кард, ки аз босаводӣ ва орзуҳои баландпарвози ин ҷавонзан гувоҳӣ медод.

Наздиконаш мегӯянд, Нилуфар баъди дучор шудан ба бемории рӯҳӣ як муддат табобат гирифт ва баъд аз барқарор шудани саломаташ хост, чанд соле ба кор барнагардад, то маризии ӯ аз ёди одамон фаромӯш шавад. “Зеро зиёд мехост, мардум ӯро як духтари солимақлу босавод ва монанд ба замони мактабхонияш бишносанд”, - нақл карданд наздикони Нилуфар.

Табибон мегӯянд, фирори Нилуфар аз хонавода маҳсули фишори равонӣ аст ва то ба худ омадани ӯ як муддат вақт зарур аст. Волидонаш низ ба хотири дубора сиҳат ёфтани духтарашон талош доранд, Нилуфар зери муроқибати табибон бошад.

Вобаста

  • Се рӯз баъди нопадидшавӣ Нилуфарро ҳанӯз ҳам пайдо накардаанд

  • Панҷ рӯзи ҷустуҷӯҳои бе натиҷаи Нилуфар... ВИДЕО

  • Нилуфар бо кӯмаки роҳгузарҳо пайдо шуд... ВИДЕО

  • Нилуфар ҳанӯз натавонистааст, ки духтарашро бигирад. ВИДЕО

Машваратдодашуда

  • Маҷаллаи бомдодӣ

    Маҷаллаи бомдодӣ

Шояд инҳо ҳам писандатон ояд

  • Чандрасонаӣ

    Савганди Президенти 45-уми ИМА Доналд Трамп

  • Ҷаҳон

    Доналд Трамп: Аввал Амрико, баъд дигарон. ВИДЕО

  • Ояндасоз

    Ояндасоз

  • Чандрасонаӣ

    Обама Трампро дар Кохи Сафед пешвоз гирифт

  • Чандрасонаӣ

    Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 20-уми январи соли 2017 (HD)

  • Осиёи Марказӣ

    Боздошти ҷияни ҳамсари Ислом Каримов

Намоиши шарҳҳо

Бозгашт ба оғоз
XS
SM
MD
LG