This version of the page http://www.ozodi.mobi/a/27676765.html (0.0.0.0) stored by archive.org.ua. It represents a snapshot of the page as of 2016-05-04. The original page over time could change.
"Спутник" дар Туркия дигар дастрас нест

Пайвандҳои дастрасӣ

  • Ҷаҳиш ба мояи аслӣ
  • Ҷаҳиш ба феҳристи аслӣ
  • Ҷаҳиш ба ҷустор
  • Озоди на русском
Хабарҳо

"Спутник" дар Туркия дигар дастрас нест


Дмитрий Кисилев, раҳбари "Россия сегодня" ва "Спутник"

  • Ирсол ба Facebook
  • Ирсол ба Twitter

Мақомоти Туркия дастрасӣ ба сомонаи интернетии хабаргузории давлатии Русия «Спутник»-ро қатъ карданд. Моҳир Бозтеп, сардабири «Спутник Туркия», рӯзи 15 апрел дар Твиттер навишт, вуруд на фақат ба саҳифаи туркии сомона, балки ба ҳамаи сомонаҳо, ки бо 31 забон нашр мешаванд, ғайримумкин шудааст.

Масъулини ниҳодҳои мухобиротӣ ва таъминкунандаи интернет дар Туркия ин хабарро шарҳ надодаанд.

Қатъи дастрасӣ ба сомонаи «Спутник» метавонад робитаҳои миёни Маскаву Анкараро боз ҳам сардтар кунад. Таниш миёни ду кишвар баъди рӯзи 24 ноябри соли гузашта аз сӯи ҳавопаймои туркӣ сарнагун шудани ҳавопаймои русии СУ-24 шурӯъ шуд. Анкара мегӯяд, ки ҳавопаймо ҳарими ҳавоии кишварро вайрон карда буд, аммо Русия мутмаин аст, ҳавопаймои СУ-24 дар фазои Сурия буд.

Баъд аз ин ҳодиса раисиҷумҳури Русия Владимир Путин алайҳи Туркия таҳримҳо ҷорӣ кард ва дар натиҷа тиҷорат миёни ду кишвар ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфт.

Дар ҳамин ҳол ҳомиёни ҳуқуқи башар ва баъзе аз расонаҳои туркӣ аз афзоиши фишор болои расонаҳои мустақил дар Туркия изҳори нигаронӣ мекунанд.

Моҳҳои ахир чанд нашрия дар Туркия баста шудаанд. Аввали ҳамин моҳ додгоҳи Туркия дар мурофиаи пушти дарҳои баста ду хабарнигори туркро дар ҷосусӣ ва кӯмак ба созмони террористӣ айбдор кард. Дар сурати собит шудани иттиҳом ба сардабири нашрияи “Ҷумҳурият” Кен Дундор ва хабарнигори нашрия дар Анкара Эрдем Гул ҳабси абад таҳдид мекунад.

Бозгашт ба оғоз
XS
SM
MD
LG