This version of the page http://www.ozodi.mobi/a/27674321.html (0.0.0.0) stored by archive.org.ua. It represents a snapshot of the page as of 2016-05-04. The original page over time could change.
Гройсман нахуствазири Украина интихоб шуд

Пайвандҳои дастрасӣ

  • Ҷаҳиш ба мояи аслӣ
  • Ҷаҳиш ба феҳристи аслӣ
  • Ҷаҳиш ба ҷустор
  • Озоди на русском
Хабарҳо

Гройсман нахуствазири Украина интихоб шуд


Владимир Гройсман

  • Ирсол ба Facebook
  • Ирсол ба Twitter

Парлумони Украина рӯзи 14 апрел барои дар мақоми нахуствазирӣ пазируфта шудани Владимир Гройсман раъй дод.

Номзадии Гройсман аз сӯи раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ба ин мақом пешбарӣ шуда буд. Аз Гройсман 257 вакили Верховная рада аз Эътилофи Петро Порошенко ва Ҷабҳаи мардумӣ пуштибонӣ карданд

Раисиҷумҳур ҳамчунин Павел Климкинро ба мақоми вазири умури хориҷа ва Степан Полторакро ба мақоми вазири мудофиа пешбарӣ намудааст.

Аз ин пеш раиси Верховная рада Владимир Гройсман аз омодагияш барои ишғол кардани курсии нахуствазирӣ хабар дода буд, ҳарчанд расонаҳои украинӣ навиштанд, ки дар ҷараёни музокирот оид ба ҳайати ҳукумат ӯ аз ин мақом даст кашида буд. Шоми чоршанбе ду ҳизби ғарбгарои Украина дар мавриди ҳайати нави кобинаи вазирон ба созиш расиданд.

Нахуствазири ҳамакнун пешини Украина Арсений Ятсенюк рӯзи 10 апрел изҳор намуд, ки ба истеъфо меравад. "Ман тасмим гирифтам, ки аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо диҳам. Аризаам дар ин бора рӯзи сешанбе, 12 апрел ба Верховная Рада ироа мешавад», гуфт ӯ дар барномаи телевизионии "10 дақиқа бо нахуствазир».

Дар бораи сабаби истеъфояш Арсений Ятсенюк гуфт, ки бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар ба таври сунъӣ эҷод шудааст ва хоҳиши иваз кардани як шахс чашми сиёсатмадоронро хира намудааст, раванди тағйири ҳукумат бошад ба як дави бемаънӣ дар як ҷо табдил шудаст. Аммо ӯ аз сиёсатмадоре ном набурд.

Аммо 12 апрел аризаи Ятсенюк дар парлумон баррасӣ нашуд. Мақомоти Украина гуфтанд, ки мавзӯъи истеъфои Ятсенюк ва таъини нахуствазири нав рӯзи панҷшанбе, 14 апрел матраҳ мешавад.

Бозгашт ба оғоз
XS
SM
MD
LG