Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ http://www.ozodi.org Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ созмони байнулмилалии хабарӣ ва нашаротист, ки ба кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна хидмат мекунад. http://www.rferl.org/img/rssLogo_RFERL.gif Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ http://www.ozodi.org tg Ҳуқуқи муаллиф 2010 - RFE/RL, Inc. 60 Tue, 15 Mar 2016 19:28:06 +0500 Pangea CMS – RFE/RL Шикасти «Истиқлол» аз «Нафит Ал-Васат» дар Теҳрон Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон аз тими «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. http://www.ozodi.org/content/article/27613836.html http://www.ozodi.org/content/article/27613836.html Tue, 15 Mar 2016 18:52:58 +0500 Варзишwebteam@rferl.org (Нарзуллоҳи Латиф)http://www.ozodi.org/content/article/27613836.html#relatedInfoContainer Се суоли вакили парламенти Аврупо дар бораи масоили сиёсии Тоҷикистон Профессор Здзислав Краснодебский - вакили парлумони Аврупо аз идораи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо хостааст, то ба се суолаш дар бораи масоили сиёсии Тоҷикистон посух бидиҳад. http://www.ozodi.org/content/three-questions-of-europarliament-member-about-tajikistan-politics/27612771.html http://www.ozodi.org/content/three-questions-of-europarliament-member-about-tajikistan-politics/27612771.html Tue, 15 Mar 2016 18:14:20 +0500 Сиёсатwebteam@rferl.org (Искандари Хоҷа Мирзода)http://www.ozodi.org/content/three-questions-of-europarliament-member-about-tajikistan-politics/27612771.html#relatedInfoContainer Никоҳҳои хешутаборӣ ва номҳои "ғайритоҷикӣ" қонунан манъ шуд Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои тағйиру иловаҳо ба қонуни сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Кодекси оила баҳси номгузорӣ, никоҳи хешутборӣ ва ташхиси пеш аз издивоҷро ниҳоӣ кард. http://www.ozodi.org/content/article/27612703.html http://www.ozodi.org/content/article/27612703.html Tue, 15 Mar 2016 17:42:22 +0500 Ҷомeаhttp://www.ozodi.org/content/article/27612703.html#relatedInfoContainer Тотористон 5 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кард Хадамоти приставҳои ҷумҳурии Тотористони Русия рӯзи 15 март 22 шаҳрванди Узбакистон ва 5 шаҳрванди Тоҷикистонро аз қаламрави Русия ихроҷ кард. Инҳо муҳоҷиронеанд, ки додгоҳҳои маҳаллӣ бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои будубош ҳукми ихроҷашонро содир кардааст. Бахши тотористонии ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфт, ҳамаи 27 муҳоҷири ихроҷшуда барои 5 соли оянда аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум  шудаанд. Дар тӯли соли 2015 аз қаламрави Тотористон 1058 муҳоҷири ғайриқонунӣ ва танҳо дар ду моҳи январу феврали соли равон 78 муҳоҷири дигар ихроҷ шудаанд. Аксари онҳо аз Узбакистону Тоҷикистон ва ҳам аз Украина будаанд. Ба ҳисоби Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, то 1 январ шумори шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 331 391 нафар мерасид. http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612685 http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612685 Tue, 15 Mar 2016 17:36:37 +0500 Хабарҳо Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи андоз, Додситонии кулл ва ВКД Рӯзи 15 март бо қарори ҳукумати Тоҷикистон муовини нави раиси Кумитаи андоз таъин шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, бо мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон сардори раёсати ташкили кор ва назорати иҷрои Додситонии кулл ва ноиби якуми додситони вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон низ таъин гардидаанд. Ба иттилои манбаъ, инчунин, додситонҳои Роштқалъа, Бохтар, Конибодому Зафаробод ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иваз шудаанд. “Ба вазифаи сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии Рӯдакӣ, ноҳияҳои Фирдавсию Шоҳмансури Душанбе, Қӯрғонтеппа, Қубодиён ва Ҳамадонии вилояти Хатлон, шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстони Суғд ва ноҳияи Дарвози Бадахшон кадрҳои ҷавону корозмуда таъин гардиданд,” – афзудааст манбаъ. Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сешанбе афроди тозатаъинро ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба кору хидмати софдилона даъват кардааст.  http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612621 http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612621 Tue, 15 Mar 2016 17:10:35 +0500 Хабарҳо Комроншоҳи Устопириён: “Ман варзишгарам, маро ба сиёсат қӯш накунед” Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва падараш Устопир Устопириён даъвои мураббии ӯ дар нома ба президенти Тоҷикистонро беасос ва ноҷо меноманд. http://www.ozodi.org/content/tajik-wrestler-asked-dont-involve-him-in-politics/27612460.html http://www.ozodi.org/content/tajik-wrestler-asked-dont-involve-him-in-politics/27612460.html Tue, 15 Mar 2016 15:48:25 +0500 Варзишwebteam@rferl.org (Мирзои Салимпур)http://www.ozodi.org/content/tajik-wrestler-asked-dont-involve-him-in-politics/27612460.html#relatedInfoContainer Вокуниши вазири фарҳанг ба як матлаби "Озодӣ" Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо имзои вазир Шамсиддин Орумбекзода ба як матлаби Радиои Озодӣ дар бораи фаъолияти Иттифоқи композиторон ё оҳангсозони Тоҷикистон вокуниш нишон додааст. Ин нома рӯзи 15 март дастраси Озодӣ шуд: "Вазорати фарҳанг ба самъи Шумо мерасонад, ки аз ҷониби Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мактуб аз 26 январи соли 2016 таҳти рақами 2 ворид гардид. Дар мактуб вобаста ба мусоҳибаи хабарнигор Ганҷинаи Ганҷ бо раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов дар атрофи рӯзи таъсисёбӣ, фаъолияти имрӯза ва ҳамкории композиторони ҷавон бо Иттифоқ омадааст, ки рӯзи 9 январи соли 2016 дар сайти Озодӣ таҳти унвони “Ҳикматов: Оҳангсозони ҷавон ба иттиҳоди мо камтар таваҷҷуҳ доранд” нашр гардидааст. Тибқи гуфтаи Қ.Ҳикматов мусоҳибаи доиршуда ба куллӣ аз мусоҳибаи сабтшуда фарқ мекунад, зеро он гуфтаҳое, ки дар сайт ба табъ расидаанд, тамоман дигар асту худи Қ.Ҳикматов гапи дигар гуфтааст. Ҳатто овозхони ҷавон Ромизи Парвиз низ эътироф кардааст, ки ин гуна суханҳоро нагуфтааст. Тавре маълум аст, имрӯзҳо фаъолияти Иттифоқи композиторони бо ҷавонони соҳибитсеъдод ва эҷодкор назаррас арзёбӣ гардида, дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии кишвар саҳми муносиб дорад. Бинобар ин, хоҳишмандем, ҷиҳати вокуниши амиқи масъалаи мазкур мавқеи худро муайян кунед. Шамсиддин Орумбекзода" Матлаби Радиои Озодӣ, ки 9 январи соли ҷорӣ нашр шуд, ин аст:  Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон 75 соли пеш маҳз дар ҳамин шабу рӯз таъсис ёфта, 58 бастакори тоҷикро муттаҳид мекунад. Аз ин теъдод танҳо 12 нафарашон оҳангсози ҷавон ташкил будаанд, ки дар панҷ соли охир ба узвияти ин иттиҳодия пазируфта шудаанд. Қудратулло Ҳикматов, раҳбари Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, рӯзи 9 январи соли ҷорӣ, дар рӯзи таъсиси ин иттиҳод ба Озодӣ гуфт, дар панҷ соли охир онҳо бештар аз 500 оҳангу асарҳои мусиқӣ низ эҷод кардаанд, ки аксарашон дар ҷашнҳои сатҳи давлатӣ иҷро шудаанд. Аммо ӯ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир оҳангсозони ҷавон бештар дар алоҳидагӣ ё ба таври мустақилона кор мекунанд. “Ба мусиқиҳои кишварҳои Ғарб ва эрониву афғонӣ каме тағйирот ворид карда, ҳамчун моли худ онро ба дигар сарояндаҳо мефурӯшанд ва ҳатто ҳаққи муаллифии оҳангсозони дигарро поймол мекунанд,” – таъкид дошт ӯ. Ба қавли раиси Иттифоқи компазиторони Тоҷикистон, аз оҳангҳои эҷодкардаи онҳо шумораи ками сарояндаҳо истифода бурдаанд. Ҳикматов аз он гила дорад, ки овозхонҳои тоҷик дар гузашта таронаҳояшонро дар ҳамоҳангӣ бо оҳангсозони ҳирфаӣ таҳия мекарданд, ҳоло холаи ҳамакора шудаанд: “Худашон матну оҳанг менависанд ва баъдан месароянд. Он таронаҳое, ки имрӯз оҳангсозони ҷавон эҷод мекунанд, лаҳзавиянд. Ҳарчанд оҳангсозони ҷавон аз технологияи нав ба хуб огоҳанд, аммо оҳангҳои оригиналӣ, ки солҳои тӯлонӣ дар хотираҳо бимонад, офарида наметавонанд. ” Ҳарчанд ба қавли раиси Иттифоқи компазиторон, мушкили асосии соҳа дар ҳамкорӣ накардани ҷавонон бо онҳо аст, аммо оҳангсозони ҷавон ин иддаоро рад мекунанд. Ромизи Парвиз, яке аз овозхонҳои ҷавони тоҷик мегӯяд, фарқ миёни кори бастакорони мустақил ва узви Иттифоқи оҳангсозон танҳо ин будааст, ки яке бо нота эҷод мекунад, дигаре - самъӣ. Ромиз мегӯяд, ҳарчанд таҳсилкардаи Консерваторияи миллӣ аст ва нотаро хуб мефаҳмад, аммо оҳангҳояшро ба нота ворид намекунад. “Чунки сарояндаҳо маъмулан ба оҳангҳои ғарбиву лирика шавқ доранд. Азбаски дар Иттифоқи композиторон оҳангҳои лирикӣ камтар эҷод мекунанд, сарояндаҳо низ камтар ҳамкорӣ мекунанд,” – гуфт ӯ. Ҳар сол ҷавонони зиёд риштаи оҳангсозии мактабҳои мусиқӣ ва санъату Консерваторияи Тоҷикистонро хатм карда, аммо давоми панҷ соли оҳир ҳамагӣ 12 нафари онҳо ба узви Иттифоқи композиторон шомил шудаанд. Онҳо маъмулан мустақилона кор мекунанд. Арзиши як оҳанг дар Тоҷикистон аз ҳудуди 1000 доллар оғоз шуда, то ба се ва ҳатто чаҳор ҳазор доллар мерасад. http://www.ozodi.org/content/ministry-culture-of-tajikistan-reaction-to-ozodis-article/27612348.html http://www.ozodi.org/content/ministry-culture-of-tajikistan-reaction-to-ozodis-article/27612348.html Tue, 15 Mar 2016 15:06:36 +0500 Назарҳо ва боварҳоhttp://www.ozodi.org/content/ministry-culture-of-tajikistan-reaction-to-ozodis-article/27612348.html#relatedInfoContainer Дар Доғистон 14 нафар боздошт шуданд 14 нафар шахсони гумонбар ба узвияти гурӯҳи мамнуи исломӣ дар Доғистон боздошт шуданд. 15 март мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ононе, ки боздошт шудаанд, аъзои гурӯҳи Нурҷулар мебошанд. Эҳтимол меравад, ки Зиёвуддин Дапаев-яке аз боздоштшудагон раҳбари бахши ин гурӯҳи мамнуъ дар Русия бошад. Аз соли 2013 то ҳол аъзои гурӯҳи Нурҷулар дар саросари Русия, аз ҷумла дар Маскаву Санкт-Петербург боздошт мешаванд. Нурҷуларро дар Туркия Саид Нурсӣ-рӯҳонии турк ташкил карда буд. Вай соли 1960 даргузашта буд. Фаъолияти ин созмон дар Русия соли 2008 мамнуъ эълон шудааст. Мақомоти Русия мегӯянд, ки ин созмон ташкили давлати исломиро ташвиқ мекунад, ки бояд ҳамаи кишварҳои туркзабонро дар бар бигирад. http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612307 http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612307 Tue, 15 Mar 2016 14:43:57 +0500 Хабарҳо Таҳқири наздикони "суриярафтагон" Дар Ӯзбекистон маъмурони амнияти миллӣ, милитсия, имомҳо ва фаъолони маҳаллаҳо хешовандони маҳкумшудаи исломгаро ё нафарони ҷустуҷӯшавандаро хандахариш ва таҳқири умумӣ мекунанд. Гурӯҳи фаъолон бо раҳбарии маъмури Хадамоти амнияти миллии (ХАМ) Ӯзбекистон дар тамоми кишвар иқдомҳои зидди гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ”-ро) анҷом медиҳад. Нозирони минтақавӣ ба ин мулоқотҳо хешовандони тибқи моддаи исломгароӣ маҳкумшуда, боздоштшуда ва ё мавриди ҷустуҷӯ қарор доштаро меоранд. Дар вилоятҳои Тошканд, Андиҷон, Намангон, Фарғона ва шаҳри Тошканд ташкилкунандагони ин мулоқотҳо ба навбат ҳар як волидайни ба ин ҳамоиш омадаро мавриди шармандагии умумӣ қарор додаанд. Чунин мулоқотҳо бо раҳбарии Хадамоти амнияти миллӣ дар расонаҳои маҳаллӣ бозтоб дода мешаванд. Шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо бо нашри матлабҳо волидайни шаҳрвандони барои исломгароӣ маҳкумшуда, боздошт ва ё мавриди ҷусутуҷӯ қарор доштаро таҳқир менамоянд. Ёдовар мешавем, иқдомҳои таблиғотии зидди “ДИ” дар Ӯзбекистон тобистони соли гузашта шурӯъ шуд. Ба ҷуз аз маъракаҳои ХАМ, фаъолони маҳалла хона ба хона гашта, сокинонро дар бораи рафтори хушунатомези ҷангиёни “ДИ”, дар бораи бедодгариҳои онҳо ҳушдор медиҳанд. http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612251 http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612251 Tue, 15 Mar 2016 14:15:27 +0500 Хабарҳо Эҳтимоли ивази милитсия ба пулис дар Қирғизистон Қонун “Дар бораи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон” эҳтимолан ислоҳ мешавад. Дар ин бора дар ҷаласаи вакилони зан раиси кумитаи тартибот ва мубориза бо ҷинояткории Жогорку Кенеш Ҷанибек Бақчиев хабар дод. Намояндаи порлумон шарҳ дод, ки агар ВКД тарҳи ислоҳотро пешниҳод накунад, он гоҳ вакилон худ машғули таҳияи тарҳи қонун мешаванд. Дар ҷараёни баррасӣ ҳамчунин эҳтимоли таҳияи тарҳи қонуни нав дар бораи пулис низ матраҳ шуд. Дар ин баррасӣ дарки умумии ин масъала ҳосил нашуд. Иттиҳоди шаҳрвандии “Барои ислоҳот ва натиҷа” аз пешниҳоди таҷдиди назари қонуни фаъолияти милитсия дар Қирғизистон ҳимоят мекунад. Ин тасмим метавонад қадаме ба самти ислоҳи ниҳоди интизомии кишвар шавад. Ҳамзамон фаъолон зикр мекунанд, ки дар ислоҳи ин қонун нақши асосиро бояд вакилони порлумонӣ дошта бошанд. Қонуни феълӣ “Дар бораи мақомоти корҳои дохилӣ” ҳанӯз соли 1994 қабул шуда буд. Вай куҳна шуда, ба ислоҳот ниёз дорад. Иттиҳоди шаҳрвандии “Барои ислоҳот ва натиҷа” омода аст аз ин кор ҳимоят карда, пешниҳодҳои худро ирсол кунад. http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612246 http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612246 Tue, 15 Mar 2016 14:13:49 +0500 Хабарҳо Убури садҳо муҳоҷир аз марзи Юнону Мақдуния Мақдуния садҳо муҳоҷиреро, ки марзи он кишвар бо Юнонро ғайриқонунӣ убур карданд, боздошт кард. Наздики 1000 нафар лагери лабрези муҳоҷиронро дар Юнон тарк ва дарёи наздимарзиро убур карданд. Сад нафари онҳо тавонистанд симхорҳоро бигзаранд, аммо аз сӯи сарбозон дастгир шуданд. Вазорати корҳои дохилии Мақдуния мегӯяд, бештар аз 700 муҳоҷир аз марзи Юнон убур кардааст. Вазорат хабар медиҳад, пулис ва сарбозон талош доранд, то ин муҳоҷиронро дубора ба Юнон баргардонанд. Хабаргузории AFP менависад, тақрибан 20 рӯзноманигоре, ки муҳоҷиронро ҳамроҳӣ мекарданд, ба шуъбаи пулис бурда шуданд. Дар лагери муҳоҷирон дар наздикии деҳаи Идомен дар Юнон наздики 14 ҳазор муҳоҷир ҷойгир шудааст. Ҳафтаи гузашта Мақдуния гуфт, муҳоҷирону гурезагонро дигар иҷозаи убур намедиҳад ва биноан "масири Балкан"-ро мебандад. http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612242 http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612242 Tue, 15 Mar 2016 14:11:46 +0500 Хабарҳо Мӯҳлати ҳабси Серик Ахметов кам карда шуд Зинаи болоии додгоҳи вилояти Қарағанда қарор кард ҳукми зиндони сарвазири пешини Қазоқистон Серик Ахметов аз даҳ то ба ҳашт сол кам карда шавад. Додгоҳ ҳамчунин ҳукмҳои бархе аз мақомоти шаҳр ва вилояти Қарғандаро, ки якҷо бо Ахметов дар парвандаи пурсарусадои фасодкорӣ маҳкум шуда буданд, тағйир дод. Ҳукми зиндони раиси пешини вилояти Қарағанда Бауржан Абдишев аз панҷ то се сол кам шуд. Ҳокими пешини шаҳри Қарағанда Мейрам Смагулов, ки ба се соли маҳбас ва мусодираи молу мулк маҳкум шуда буд, акнун мӯҳлати ҳабсаш то ба ду сол кам карда шуд. Ҳукми се соли зиндони муовини собиқи ҳокими вилояти Қарағанда Габит Мухамбетов ва раиси собиқи раёсати ширкати “КазАгро” Дулат Айтжанов ба ҳукми шартӣ иваз шуд. Муҳокимаи додгоҳии парвандаи Серик Ахметов дар моҳи декабри соли 2015 анҷом ёфт. Аз 21 нафари тибқи ин парванда маҳкумшуда, 12 нафар ба зинаи болоии додгоҳ муроҷиат карданд. Серик Ахметов дар аризаи худ ба додгоҳ навиштааст, ки “пушаймонии ман” ва ҷуброни зарари молиявӣ ба маблағи умумии ду миллиарду 255 миллион танга аз тарафи “хешовандон ва дӯстони оиларо” ба инобат бигиред. http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612239 http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612239 Tue, 15 Mar 2016 14:10:13 +0500 Хабарҳо Мухолифон истеъфои президентро талаб карданд Тазоҳуроти мухолифони Қирғизистон дар шаҳри Ҷалолободи он кишвар бо талаби истеъфои президент ба поён расид. Дар ин бора хадамоти матбуотии вазорати корҳои дохилии он кишвар хабар медиҳад. Ба иттилои ВКД, дар ин тазоҳурот ҳудуди 100 эътирозгар ҷамъ омадааст, боқӣ роҳгузарон будаанд, ки ба тамошои эътироз омадаанд. Пулис ҳамчунин иттилои мухолифонро, ки гуфтанд, бештар аз 500 нафарро ҷамъ оварда буданд, рад кард. Раиси ҳизби "Эгемен Қирғизистон" Бектур Асанов дар тазоҳурот суханронӣ ва истеъфои фаврии президентро талаб кард. Вай гуфт, тазоҳуроти навбатӣ 24 март дар шаҳри Ӯш барпо хоҳад шуд. Пеш аз баргузории тазоҳуроти Ҷалолобод мухолифон гуфтанд, то 2 ҳазор норозиро ҷамъ хоҳанд овард. Ҷамъомадагон ба иловаи истеъфои президент, аз ҳукумат кам кардани пардохтҳои иҷтимоӣ, арзиши барқ, бекор кардани суғуртаи ҳатмии манзил ва сода кардани сабти асноди дарёфти кумакпулӣ барои кӯдаконро талаб карданд. http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612236 http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612236 Tue, 15 Mar 2016 14:08:55 +0500 Хабарҳо Обама ва Путин масоили Сурияро баррасӣ карданд Барак Обама, президенти ИМА бо Владимир Путин, президенти Русия суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ин ду президент ҷараёни қатъи амалиёти ҷангӣ миёни ҳукумати Сурия ва муттаҳидонаш аз як сӯ ва мухолифони мусаллаҳ аз сӯи дигарро баррасӣ карданд. Дар ин суҳбат ҳамчунин фармони Путин дар мавриди берунории қисмати асосии нерӯҳои Русия аз Сурия ва қадамҳои охирин барои қатъи амалиёти ҷангӣ баррасӣ шудааст. Барак Обама аз кам шудани амалиёти ҷангӣ дар он кишвар изҳори хушнудӣ кардааст, аммо гуфтааст, ҳамлаҳои мудовими ҳукумати Сурия метавонад ба музокироти сулҳ хатар эҷод кунад. Обама ҳамчунин гуфтааст, гузариши сиёсӣ бояд ба ҷанги Сурия хотима диҳад. http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612230 http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612230 Tue, 15 Mar 2016 14:06:04 +0500 Хабарҳо 150 соли зиндон барои таҷовузи ноболиғон Як марди сокини Лос Анҷелес, ки шаҳрвандии Амрико ва Русияро дорад, 14 март ба 150 соли зиндон маҳкум шуд. Вай дар Русия ба номуси духтарони хонандаи мактаб таҷовуз кардааст. Дар ҷараёни сафараш ба Русия ҳангоми таҷовуз ба номуси духтари 12 сола Юсуф Юнусович Абрамов таҳдид кардааст, ки агар ба ягон кас дар бораи ин таҷовуз гап занад, сарашро аз танаш ҷудо мекунад.  Отис Райт-қозии додгоҳи Амрико Абрамови 58 соларо ба “дарранадаи воқеӣ” шабоҳат дод ва ба мӯҳлати тӯлонии ғайримаъмулии зиндон маҳкум кард. Моҳи ноябр қозии додгоҳ Абрамовро барои таҷовуз ба номуси 3 духтар гунаҳгор донист. Вай дар ҷараёни сафарҳои дусолаи худ ба Русия 6 ҷинояти сангин анҷом додааст. Моҳи июни соли 2009 ба як духтар таҳдид кардааст, ки сарашро мегирад ва бо он футбол бозӣ мекунад, агар вай дар бораи таҷовуз ба касе гап занад. Дар ин бора дар мурофиаи додгоҳ шаҳодат дода шудааст. Баъд аз чанд моҳи дигар бори дигар ба Русия сафар кардааст ва боз ҳам даст ба таҷовузи духтарони наврас задааст http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612227 http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612227 Tue, 15 Mar 2016 13:58:46 +0500 Хабарҳо Нируҳои Русия аз Сурия хориҷ мешаванд Русия ба берун овардани таҷҳизоти низомии худ аз Сурия омодагӣ мегирад. Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ба нируҳои мусаллаҳи ин кишвар машварат додааст, ки аз ин кишвари ҷангзада хориҷ шаванд. Вазорати дифои Русия дар изҳороти 15 марти худ гуфтааст: “Кормандони фаннӣ дар пойгоҳи ҳавоӣ ҳавопаймоҳои низомиро барои парвозҳои тӯлонӣ ба пойгоҳҳои ҳавоии қаламрави Русия омода мекунанд”. Дар изҳорот омадааст, ки низомиён таҷҳизоту маводро ба ҳавопаймоҳо бор мекунанд. 14 март Путин гуфт, ки нируҳои низомӣ ҳамаҷониба вазифаи худро дар Сурия иҷро кардаанд ва хуруҷи нируҳои Русия омили ҳали сиёсии муоқишаи Сурия хоҳад шуд.  Русия дар Сурия бештар аз 50 ҳавопаймои низомиву чархбол ва як гурӯҳи маҳдуди нируҳои заминӣ дорад, ки ин техникаи низомиро нигаҳбонӣ мекунанд. Гузашта аз ин, як гурӯҳи мушовирони низомӣ ва нируҳои вижа дорад, ки бо низомиёни Сурия ҳамкорӣ мекунанд. Раҳбари Русия гуфт, ки нируҳои Русия дар пойгоҳҳои обии Баҳри Миёназамин дар Тартус ва дар Ҳмеймим дар вилояти Лазақия боқӣ хоҳанд монд. Ҳамлаҳои ҳавоии Русия асосан аз ҳамин пойгоҳи Лазақия сурат гирифтааст. http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612171 http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612171 Tue, 15 Mar 2016 13:36:25 +0500 Хабарҳо Э.Раҳмон: Нақши ВАО дар идораи афкори умум калидӣ аст Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Воситаҳои ахбори оммаро (ВАО) "дар ташаккули афкори умум ва идора кардани он нақши калидӣ хондааст. Президент Раҳмон зимни мулоқот бо Сергей Михайлов ва Михаил Гусман, раис ва муовини раиси хабаргузории ТАСС дар бораи нақши иттилоот дар ҷаҳони муосир ибрози назар намудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, президент таъкид кардааст, дар иртибот ба воқеаҳои Шарқи Наздику Афғонистон ҳамкориҳои самарабахши ВАО-и Тоҷикистону Русия дар самти муқовимат ба тарғиботи таҳрифкоронаи неруҳои терроризми ҷаҳонӣ ва ифротгароии мазҳабӣ муҳим арзёбӣ кардааст.     http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612183 http://www.ozodi.org/archive/news/20160315/538/538.html?id=27612183 Tue, 15 Mar 2016 13:29:13 +0500 Хабарҳо Боз "облава"? Даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ сар мешавад Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 март  фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба сафи нирӯҳои мусаллаҳро имзо кард. Даъвати баҳорӣ аз 1 апрел сар мешавад. http://www.ozodi.org/content/new-draft-season-to-tajik-army-due-to-start/27612172.html http://www.ozodi.org/content/new-draft-season-to-tajik-army-due-to-start/27612172.html Tue, 15 Mar 2016 13:28:41 +0500 Ояндасозwebteam@rferl.org (Мирзои Салимпур)http://www.ozodi.org/content/new-draft-season-to-tajik-army-due-to-start/27612172.html#relatedInfoContainer Раҳоии ду тан аз боздоштшудаҳои Роғун Ду тан аз боздоштшудаҳои ҷамоати Қалъаи нави шаҳри Роғун раҳо шуда ба хонаҳояшон баргаштаанд. Ин раҳоии онҳо баъд аз як мулоқоти наздиконашон бо вазири корҳои дохилӣ сурат мегирад. http://www.ozodi.org/content/freed-two-resident-roghun-city/27612144.html http://www.ozodi.org/content/freed-two-resident-roghun-city/27612144.html Tue, 15 Mar 2016 13:16:14 +0500 Тоҷикистонhttp://www.ozodi.org/content/freed-two-resident-roghun-city/27612144.html#relatedInfoContainer Боз як занозанӣ байни муҳоҷирони тоҷику узбак дар Маскав Шоми 14 март дар шаҳри Маскав байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбакистон боз як занозанӣ рух додааст. Пулис 28 нафарро дастгир кардааст. http://www.ozodi.org/content/asnother-clash-between-tajik-and-uzbek-migrants-in-moscow/27612003.html http://www.ozodi.org/content/asnother-clash-between-tajik-and-uzbek-migrants-in-moscow/27612003.html Tue, 15 Mar 2016 12:31:13 +0500 Садои ҳамватанwebteam@rferl.org (Мирзои Салимпур)http://www.ozodi.org/content/asnother-clash-between-tajik-and-uzbek-migrants-in-moscow/27612003.html#relatedInfoContainer