Якшанбе, Октябр 19, 2014
Садо
Ҷадвали замонӣ
Подкасти барномаҳо
Тарзи шунидан
Агар мушкиле ҳаст
"Озодӣ" дар Hotbird
Дар телефони Шумо


Обуна

Обуна

Хуш омадед ба бахши обунаи Радиои Озодӣ!
Мо мехоҳем ҳамкории мутақобилаи Шумо бо Радиои Озодӣ ҳаддалимкон осон бошад. Ба ин хотир дар зер иттилоъеро мебинед, ки тарзи обуна ба хабарномаҳои электронии ҳаррӯза ё ҳафтавор, гирдоварии худкоронаи маводи дилхоҳ ва шунидани забтҳои интиқолёбандаи моро нишон медиҳад.

Хабарномаҳои электронӣ
Ин хадамоти сомонаи мо дар ҳоли омода шудан аст ва лутфан пас аз чанде аз нав вориди ин сафҳа шавед, то барои сари вақт дар почтаи электронии худ гирифтани сархатти хабарҳо, мақолаҳои таҳлилӣ ва маводе, ки танҳо дар сомона нашр хоҳад шуд. Дар ин байн Шумо метавонед, дархости обунаро ба мо бо нишонии Tajik@rferl.org бинависед ва мо бо оғоз ёфтани хадамоти обуна, номи Шуморо ба феҳраст ворид мекунем.

Расониши ахбор
Дар ин байн тозатарин хабарҳои Радиои Озодӣ метавонанд ба воситаи нармафзори RSS мустақиман ба компютери Шумо интиқол дода шаванд.


Подкаст

Агар Шумо мехоҳед, барнома ва гузоришҳо, баҳсҳои пурмоҷарои атрофи мизи гирд, мусиқӣ ва таронаҳои беҳтаринро дар вақти дилхоҳатон бишнавед, нигоҳе ба сафҳаи Подкаст андозед, ки шеваи бурунорӣ ва пиёдасозии ин маводро дар компютер ё дастгоҳи забту пахши садо қаламдод кардааст.

Наворҳои видео ва нигористону аксҳои гӯё

 Ахбори бахшҳои Радиои Озодӣ

Бӯҳрони маводи сӯхт дар Узбакистон, пуштибонӣ аз ҳомиёни озарии ҳуқуқи башар дар Гурҷистон, арзёбии имкони ҳаракати маъйубон дар муассисаҳои Маскав, маъракаи мубориза бо хушунат миёни ҷавонони Македония ва ҷашнвораи романс дар Қазоқистон.

 Мухтасари рӯйдодҳои ахири Тоҷикистон ва ҷаҳон

Дар шимоли Афғонистон фармондеҳи гурӯҳи силоҳбадастони Ҷундуллоҳ кушта шудааст, президенти Тоҷикистон бо дабири Шӯрои Амнияти Русия мулоқот кард ва шаҳрдории пойтахт афроди 90-соларо қадрдонӣ намуд Мақомот сӯхтор дар хобгоҳи рӯ ба рӯи бозори Султони Кабирро таҳқиқ мекунанд

 Тоҷикистон меҳмононро “аз сӯрохии сӯзан мегузаронад”

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дастур додааст, тамоми меҳмононе, ки аз кишварҳои Аврупо ва Африқо -- “зодгоҳ”-и бемории Эбола вориди Душанбе мешаванд, мавриди ташхис қарор гирифта, 12 рӯз баъд аз сафарашон низ таҳти назари табибон бошанд.


 Қадрдонии Убайдуллоев аз 90-солаҳои пойтахт

Аз тамоми ҳамсолони Душанбе, ки теъдодашон ба 84 мерасад, қадрдонӣ шудааст. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои 90-солаҳои пойтахт зиёфат ороста, барои ҳарк адоми онҳо 100 сомонӣ ҳам додааст.

 Қутбиддин: "Ман девона нестам"

Як сокини ҷавони ноҳияи Хуросонро, ки мехост арзашро ба президент расонад, мақомоти маҳаллӣ ба Эмомалӣ Раҳмон "девона" муаррифӣ кардаанд. Қутбиддин мегӯяд, ӯ девона нест, балки танҳо мехост аз мушкилоти зиндагиаш шикоят кунад...

 Паради низомӣ ба муносибати сафари Путин ба Белград

Рӯзи панҷшанбе президенти Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Белград ташриф овард. Дар пойтахти Сербия ӯро паради низомӣ пешвоз гирифт.


 Ахбори бахшҳои Радиои Озодӣ аз 17-уми октябри соли 2014-ум

Сафари президенти Русия ба Белград, дархости бастани тарабхонаи Путин дар Бишкек, маросими видоъ бо сарбозони кушта шуда дар Днепропетровски Украина, тақозои мубориза бо фасод дар Афғонистон ва мактаб дар долони ҳавлӣ дар Покистон.

 Сӯхтор дар хобгоҳи рӯ ба рӯи "Султони Кабир"

Баъд аз зӯҳри 16 октябр дар бинои хобгоҳи воқеъ дар рӯ ба рӯи бозори “Султони Кабир” дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омада, забонаи оташ ба ошёнаи чоруми ин бино печидааст. Иллати сӯхтор ҳанӯз маълум нест.

 Оғози синамобазми "Дидор-2014" бо намоиши "Комил"

Синамобазми байналмилалии «Дидор-2014» дар шаҳри Душанбе бо намоиши филми мустанади “Комил”, ки дар бораи асосгузори синамо дар Осиёи Миёна ҳикоят мекунад, оғоз ёфт.


 Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 16-уми октябри соли 2014-ум

Сафари президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон, муҳокимаи хабарнигори "Нигоҳ" Қамари Аҳрор дар додгоҳи Хуҷанд, болоравии қурби доллари ИМА дар Тоҷикистон, ва кушоиши ҷашнвораи "Дидор" дар Рӯзи кинои тоҷик.

 Ба тоҷикӣ суруд хондани Раиса Москалёва

Як пиразани рус, ки 10 сол боз дар Душанбе ба сар мебарад, гоҳ-гоҳе таронаҳои тоҷикиро замзама мекунад.

 "Ҳосил"-и сӯҳбатҳои Эмомалӣ Раҳмону Илҳом Алиев

Миёни Тоҷикистону Озарбойҷон чор созишнома ба имзо расид. Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти хабарӣ гуфт, ӯву Илҳом Алиев дар масъалаи Қаробоғи Кӯҳӣ ва Низомихонӣ ҳам сӯҳбат кардаанд.