Якшанбе, Октябр 19, 2014
Садо
Ҷадвали замонӣ
Подкасти барномаҳо
Тарзи шунидан
Агар мушкиле ҳаст
"Озодӣ" дар Hotbird
Дар телефони Шумо


Тоҷикистон

Ду махсум: Фузайл ва Нусратулло

Анҷоми тазоҳурот дар шаҳри Хоруғ, нишасти хабарии Додоҷони Атовулло, раиси созмони ғайрирасмии «Ватандор», дар шаҳри Маскави Русия бо талаби истеъфои ҳукумати Тоҷикистон ва таҷлил аз Рӯзи ваҳдати миллӣ дар нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта бозтоби бештар доштаанд.

x
Абдуқаюми Қаюмзод
Аз ҷумла нашрияи «Нигоҳ» таҳти унвони «Омилҳои халалдоркунандаи ваҳдати миллӣ кадоме бештар аст: дохилӣ ва ё хориҷӣ» назари чанде аз донишмандон ва шахсиятҳои саршиноси кишвар дар мавриди вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ва то куҷо пойдор будани сулҳи ба дастомадаро ба нашр расонидааст.
 
Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди дастгоҳи раёсати ҷумҳурииТоҷикистон, дар ин бора гуфтааст, ки экстермизми сиёсиву динӣ ва фарҳангӣ аз хориҷ метавонанд ба ваҳдати миллӣ таъсир расонанд, афзоиши коррупсия, мушкилоти иқтисодӣ ва болоравии нархи наворо аз авомиле хондааст, ки аз дохил метавонанд хатар ба сулҳ оваранд.
 
Аммо Мирзохӯҷа Низомов, аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди мухолифини пешини тоҷик, муносибати ҳукумат бо намояндагони мухолифонро, ки яке аз ҷонибҳои дигари сулҳ буданд, мавриди интиқод қарор дода, таъкид кардааст, ки нодида гирифтани саҳми мухолифин ва махсус фаромӯш кардани онҳо дар рӯзи ваҳдати миллӣ дар ҷомиъа норозигиҳоро ба бор овардааст.
 
Дар ҳамин ҳол, Усмон Солеҳ, сармуҳаррири нашрия «Ваҳдат», гирдиҳамоии ахири Хоруғро нишонаи маърифати пасти ҳуқуқии шаҳрвандон арзёбӣ карда ва ишора намудааст, ки Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси ҲСДТ, барои дастгириаш аз як чунин тазоҳуроти ғайриқонунӣ бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад.
 
Ҳафтаномаи AsiaPlus дар иртибот ба тазоҳуроти мазкур мусоҳибаеро бо Рашид Гулмадшоев, додситони ВМКБ, ба нашр расонидааст. Зимнан, яке аз талабҳои тазоҳургарони Бадахшон истеъфои ҳамин шахс буд.  Аз ин хотир оқои Гулмадшоев дар ин робита изҳори назар карда гуфтааст, ки талаби истеъфои ӯ кори чанд нафар аст, на тамоми мардуми Бадахшон. Додситони вилоят ҳамчунин гуфтааст, ки ба ҳангоми санҷиши фаъъолияти соҳибкорӣ дар минтақа як нуқтаи бензинфурӯшиеро ошкор мекунанд, ки бидуни иҷоза фаъъолият дошта ва ба Толиб Айёмбеков, яке аз фармондеҳони пешин ИНОТ, тааллуқ доштааст.  Оқои Айёмбеков гӯиё барои бастани ин бензинфурӯшӣ муқобилат карда, бархе аз кормандони додситониро мавриди лату кӯб  қарор медиҳад. Додситон гуфтааст, ки чанд рӯзи баъд  худи ӯро Имомназар Имомназаров, аз масъулони ин тазоҳурот, ва чанде аз ҳамроҳонаш дар бинои додситонӣ азият медиҳанд. Аммо иллати  ширкат накардани милисаи Бадахшон барои ором кардани вазъро оқои Гулмадшоев нишонаи маҳалгароӣ хонда ва вуруди нерӯҳо аз марказро барои ҳифзи тартибот ва субот дуруст арзёбӣ кардааст.
 
«Фараж», нашрияи маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, номаи саркушодаи раисии пешини шаҳри Табошари вилояти Суғд Муяссара Зокироваро ба президенти Тоҷикистон нашр кардааст. Дар ин нома раиси собиқи шаҳри Табошар аз фаъъолияти Муллопар Бандишоев, раиси Ожонси назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо корпусия дар ин вилоят, изҳори норозигӣ кардааст. Хонум Зокирова иддаъо кардааст, ки оқои Бандишоев бо истифода аз ваколати хидматӣ ба ӯ ва шавҳараш борҳо таҳдид кардааст, то барои дар асоси қонуни афв раҳо шудани писарашон розӣ шаванд, вагарна шавҳарашро ҳам ҳабс хоҳад кард. Раиси собиқи Табошар зимни бегуноҳ хондани писараш аз раисҷумҳур хостааст, ки ба қазияи, ба гуфтаи ӯ, ғайриқонунӣ ба сари ӯ ва аҳли оилааш омада расидагӣ кунад.
 
Дар ҳамин ҳол, ин нашрия дар як матлабе дигар вазъи туризм ва ё ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистонро дар намунаи шаҳри Панҷакент ба баррасӣ гирифта, аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки «ҳанӯз ҳам сайёҳони хориҷӣ ба ин минтақа тавассути Самарқанду Бухоро ворид мешаванд ва роҳбаладҳои онҳо на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, балки ҷаҳонгардонро дар бораи Тоҷикистон маълумоти носаҳеҳ медиҳанд.
 
Дар шумораи ахири ҳафтаномаи «Миллат» матлабе таҳти унвони «Аз ду махсум кадоме қаҳрамон аст?» мунташир кардааст, ки дар он сухан аз бархӯрди ҷомиъа бо  Фузайл-махсум, роҳбари яке аз ҳаракатҳои муқовимат алайҳи Артиши сурх, ва Нусратулло-махсум, аз бунёдгузорони давлати Шӯравии Тоҷикистон, меравад. Муаллифи матлаб бо баррасии нақши ин ду нафар дар сарнавишти миллати тоҷик андешаҳои бархе аз донишмандонро, ки босмачиёнро муҷоҳид ва фидоии дину миллат меҳисобанд, беасос хонда, аз Нусратуллоҳи Махсум ситоиш кардаст, ки барои тоҷикон давлат бунёд кардааст.

Абдуқаюми Қаюмзод

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Блогистон

Октябр 18, 2014

Дар интизори халосӣ аз ботлоқи фақр

Писандидаҳо

Пурхонандаҳо
  1. Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ - дар сархатти хабарҳо. Ин бор барои Рустам (11694)
  2.  Сабақҳои "митинг"-и 10 октябр (ВИДЕО) (10252)
  3. Боздошти Муаттара Ҷӯраева, диктори собиқи ТВ бо гумони "қаллобӣ" (9863)
  4. Кабирӣ: "Ин бор ҳеч кас пеши роҳи мардумро гирифта наметавонад" (ВИДЕО) (7258)
  5. Қорӣ Абдуллоҳ дар масҷид афюн мефурӯхт? (5964)
  6.  Қутбиддинро "девона" хонданд, ки ба Э.Раҳмон арз накунад (5909)
  7. Боздошти ду "узв"-и ноболиғи "Гурӯҳи 24" дар Душанбе (5392)
  8. Исмоил Талбаков: Садамаи Сорбон як амри тасодуф буд (5087)
Пурбинандатаринҳо
  1.  Ҳоҷиёни тоҷик дар роҳи бозгашт ба Ватан
  2.  Ахбори Тоҷикистон аз рӯзи 13-уми октябри соли 2014
  3.  Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 16-уми октябри соли 2014-ум
  4.  Мухтасари рӯйдодҳои ахири Тоҷикистон ва ҷаҳон
  5.  Барномаи "Настоящее Время", 16.10.2014
  6.  Даргирии мӯътаризон ва пулис дар муқобили парлумони Украина
  7.  Ниссор Абдураззоқов, навозанда ва аксбардори тоҷики муқими Шветсия
  8.  "Мерседес-Бенс" насиби сокини Варзоб шуд
Пурбаҳстаринҳо
  1. Сабақҳои "митинг"-и 10 октябр (ВИДЕО) (62)
  2. Рӯзҳои ҷумъа: Кор кунем ё намози ҷумъа равем? (ВИДЕО) (49)
  3. Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ - дар сархатти хабарҳо. Ин бор барои Рустам (41)
  4. Кабирӣ: "Ин бор ҳеч кас пеши роҳи мардумро гирифта наметавонад" (ВИДЕО) (39)
  5. Қутбиддинро "девона" хонданд, ки ба Э.Раҳмон арз накунад (37)
  6. ВИДЕО: Худо дар куҷост? (33)
  7. Талаби Тоҷикистон аз Русия барои таҳқиқи ҳамла ба Баҳриддин (ВИДЕО) (33)
  8. Қорӣ Абдуллоҳ дар масҷид афюн мефурӯхт? (33)
Пуршунавандаҳо
  1.  Барномаи мусиқӣ
  2.  Ояндасоз
  3.  Ояндасоз
  4.  Меҳмони "Озодӣ"
  5.  Ояндасоз
  6.  Меҳмони "Озодӣ"
  7.  Меҳмони "Озодӣ"

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   

Мавзӯъҳои рӯз

  • Фармони "афви тилоӣ" эълон мешавад

  • Куштани тифли батн ҳам одамкушист?

  • Фоҳишахонаи як зан аз Тоҷикистон дар маркази Маскав

  • 95 никоҳи тоҷикон бо хориҷиён ва нахустин издивоҷ бо шаҳрванди Чин

  • Шикасти Комроншоҳ дар Тошканд

previous
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
next