Якшанбе, Август 03, 2014
Садо
Ҷадвали замонӣ
Подкасти барномаҳо
Тарзи шунидан
Агар мушкиле ҳаст
"Озодӣ" дар Hotbird
Дар телефони Шумо


Тоҷикистон

Шаҳрдории Душанбе "ТВ-1"-ро ба додгоҳ кашид

Як намоиши Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон сабаби норозигии шаҳрдори Душанбе шуда, сарпечии телевизион аз пахши ҷавоби шаҳрдорӣ, акнун боиси баҳсе дар додгоҳ мегардад.

Абдуқаюми Қаюмзод
Дар аризааш ба суди ноҳияи Шоҳмансур, шаҳрдорӣ Шабакаи якумро ба нашри гузориши якҷониба ва паст задани шаъну эътибори худ айбдор мекунад.

Онҳое, ки ин гузориши телевизиониро дидаанд, мегӯянд, дар он хонаҳое нишон дода мешуд, ки зери ярч мондаанд ва осебрасидагон ёриҳои фаврии шаҳрдориро тақозо кардаанд.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе
x
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе
Шавкат Сайидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе гуфт, дар ин гузориши барномаи «Ахбор» дар шоми 2-юми май назари мақомоти шаҳр ҷой надошт, ҳол он ки аввалан хонаҳои мазкур худсарона ва дар ҷои хатарнок сохта шуда, бо вуҷуди ин шаҳр ба осебзадагон мадад расонда буд.

Ҷаноби Сайидов афзуд, шаҳрдорӣ ба унвони Шабакаи Якум ва Кумитаи радио ва Телевизиони Тоҷикистон роҷеъ ба ин гузориш номаи эътирозӣ навишта ва аз онҳо хост, ки дар ин бора раддия пахш кунанд. Аммо дархости шаҳрдорӣ иҷро нашуд ва акнун ягона чора муроҷиат кардан ба додгоҳ аст:

“Хабарнигорон, новобаста аз онки дар расонаи хусусӣ ва давлатӣ фаъолият мекунанд, аз фаъолияти ҳамарӯзаи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фазои иттиллоти кишварро махлут созанд. Дар ин зимн шаҳрдорӣ бо истифода аз ҳуқуқҳое, ки қонунгузории кишвар муҳайё кардааст истифода карда ва барои ҳимояи шараф ва эътибори кории худ ва бо аризаи даъвогӣ ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кард, ки Шабакаи якуми телевизион  расман бобати нодурустии гузориши хабарнигори худ дар барномаи «Ахбор» раддия чоп интишор карда ва ҳамзамон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе узр пурсад.”

Дар посух ба ин даъво Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон сукут ихтиёр кард, аммо Муҳаммад Ғоиб, мудири барномаҳои Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон гуфт, ки гузориш дар асоси муроҷиати сокинони Душанбе таҳия гашт ва ҳадаф аз он тасвири вазъи шаҳрвандон буд.

Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон.
x
Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон.
Дар мавриди он, ки чаро назари мақомоти шаҳр ба гузориш роҳ наёфт ва ин акнун сабаби эътирозҳо гашт, ҷаноби Ғоиб гуфт, ки мақомот на ҳамеша омодаи сӯҳбат бо хабарнигоронанд ва телевизион дар гузориши худ роҷеъ ба мушкилоти сокинони пойтахт вазифаи худро то ҳадди мумкин анҷом дод:

“Навор пахш шудааст. Ин радио бошад, ки бигӯянд бофтааст ва ё газета бошад, ки гӯянд дурӯғ навишта шудааст. Барои навор пеш аз ҳама журналист ҷавоб медиҳад. Телевизиони давлатӣ аст. Муроҷиати шаҳрвандонро ба назар гирифта ба маҳалли ҳодиса меравад. Дар аксари ҷойҳо назар гирифта намешавад. Чунки қабул намекунанд. Назди он одамҳо равӣ мегӯянд, ки раис нест. Мо ҳақ надорем. Як мактуби оддиро мепурсӣ мегӯяд, ки мо ҳақ надорем. Онҳо як бор бо телефон ба мо гап заданд. Ман гуфтам, ки расман ба Кумита нома нависед.”                         

Норозигӣ аз гузоришҳои якҷониба дар васоити ахбори умум ҳодисаи нав нест ва борҳо сабаби кашокаш дар додгоҳҳо шудааст. Аммо бори аввал аст, ки шаҳрдорӣ бо телевизиони давлатӣ вориди чунин баҳс шуда, шахси дуввуми раҳбарияти кишвар, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсайид Убайдуллоев дар он шомил мегардад. Аз ин рӯ бархӯрди коршиносон ва таҳлилгарон ба ин қазия аз ҳам фарқ мекунад.

Зиннатуллоҳи Исмоил, узви Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бар ин аст, ки дар ҳоле як ниҳоди давлатӣ мавриди танқид қарор мегирад, шарт ва зарур аст, ки назари ин ниҳод низ инъикос ёбад. Танҳо дар он сурат гузориши хабарнигор аз барчаспи яктарафагӣ эмин мемонад. Аз ҷониби дигар меафзояд ҷаноби Исмоил, беҳтар буд, 
Зинатуллоҳи Исмоил
x
Зинатуллоҳи Исмоил
ки ин мушкил дар ҷаласаи Шӯрои ВАО ҳалли худро пайдо мекард, то инки ба додгоҳ кашонида шавад:

“Журналистон, ки рисолати касбиашон расонидани иттилоот аст, бояд ҷонибҳое, ки ба иттилоъ вобаста мебошанд аз онҳо ва низ аз манбаъҳои мӯътамад истифода кунад. Мо дар Шӯрои ВАО бар ин ақида астем, ки кулли ин баҳсҳо то додгоҳ ҳал шаванд ва агар шаҳрдорӣ ба мо Шӯрои ВАО муроҷиат мекард, мо ин баҳсро то додгоҳ ҳаллу фасл мекардем ва албатта ин беҳтар аз он буд, ки баҳс ба додгоҳ кашонида шавад.”
               
Нашри гузориши танқидӣ аз фаъолияти шаҳрдорӣ дар Шабакаи якуми Тоҷикистон бори аввал рух намедиҳад. Дар чанд мавриди дигар низ ин расона фаъолияти баъзе аз ниҳодҳои шаҳрдориро номуассир хонда буд. Аммо ба ақидаи бархе аз соҳибназарон, ҳанӯз наметавон гуфт, ки ин гузоришҳоро аломати бартарӣ ёфтани назари танқидии Шабакаи аввал ба мушкилоти кишвар номид. Зеро дар мавриди айни чунин мушкилот, ки дар бақия шаҳру навоҳии кишвар фаровон ба назар мерасад, Шабакаи якум сукут меварзад.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик мегӯяд вақте аз радио ва телевизонҳои давлатӣ  умдатан ба унвони абзори идеологӣ истифода мешавад, нашри гузоришҳои интиқодӣ дар ҷомеа бардоштҳои гуногунеро ба вуҷуд меоранд: “То ҳанӯз ҳам онҳо худро ба сифати як бахши идеологии ҳукумат муаррифӣ мекунанд. Ва мушкили аслӣ ҳам аз ҳамин бармеояд. Шояд дидаву дониста ҳамин гуна барномаҳо пахш мешаванд ё шояд ба интрига ва ё чизҳое марбут аст, ки мо намедонем.”
                                     
Бо ин ҳол додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба баррасии шикояти шаҳрдорӣ алайҳи Шабакаи якум шурӯъ накардааст. Гуфта шуд, ки дар ҳоли ҳозир мӯҳтавои шикоят омӯхта мешавад. Ба чӣ шакл ҳал шудани ин баҳси додгоҳӣ миёни ду ниҳоди давлатӣ метавонад рӯшан кунад, ки ин як баҳси қатории гузоришҳои яктарафа аст ё ангезаҳои дигаре дорад.

Абдуқаюми Қаюмзод

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: беном аз: Душанбе
04.07.2012 13:12
шахрдори хама вакт худаша сафед мекунад. ба дарди мо сокинони пойтахт расед. ин факат як холати садамави аст, чаро шахрдори намебинад, мушкилоти мардума. Хонахое ки кучида рафтаанду дар телевизион нишон дода буданд, дуруг будааст да. Бо компютер ягон хила карда нишон доданд. мешудаст. Тангемора аз шахр гирифтанд факат барои як гурухи муайян будааст. дигарош гаштосан ку.чанд оила аз нони хурдани монд. ку наклиёти чамъиятияш. мардум ба наклиёт чамъияти намерасад, инаш ба чи мегуед. Озоди бо нашри хамин матолиб алами мардума тоза кардед аку..
Дар посух

Ном: vatandor аз: osmon
05.07.2012 13:40
Шахрдори бояд фаромуш насозад , ки тибки Фармони ЧО аз 07.02.2009 сол тахти №622 "3. Рохбарони воситахои ахбори омма:
- таъмини вокеият ва таъсирбахшии маводхои танкиди ва тахлилиро вазифаи асосии фаъолияти хеш хисобанд;
- дар барномахои радио ва телевизион, сахифахои рўзнома ва мачаллахо, инъикоси саривактии натичахои вокунишро ба маводхои танкиди ва тахлили таъмин намоянд.
Лекин афсус ки имруз додгох статуси мустакилии худро надорад ва иконияти бештар вучуд дорад ки барномаи ТВ1дар ин бахс маглуб хохад шуд. Ман агар ба чои шахрдори мебудам аз ин амали худ шарм медоштам.Зеро дар давлатхои демократии ба мисли "мо" раванди демократия дар асоси озодбаёни равнак ва рушд мешавад, аммо дар мо баръакс касеро набояд айбашро гуфт то малоли хотираш нагардад. Шахрдори фаромуш насозад, ки мавзуе ,ки барномаи ТВ1 ба навор гирифтааст ин як масъалаи дарднок аст, балки имруз дар шахри Душанбе агар ба навор гири 2-3 шабонаруз лозим меояд паси камбудихои шахрдори навор гири. Мисоли одди : дар шахр ба чурми номувофик ба нормахои техники наклиётхои мусофиркаши Тангем бо фармони шахрдори аз истифодаи шахр бароварда шуд.Лекин ба чои он имруза наклиёти намуди Старекс фаъолият мекунад ,ки тамоман на шароит дорад ва на ба талабот чавобгу аст. Дар тангем 3 нафар озод менишинад дар Старекс хатман бояд 4 нафар болоихамнишинад. Оё ин шахрдори аст? Шахрдори маблаги рохкироро бо як номгузории танхо ба худашон муаяни "Экспрес" 80 дирам ва 1с60 дирам мукарар кардааст, ки имруз дар кучахои шахр башумор наклиётхо танхо бо нархи 1 сомон гарданд.Ку инсоф ва кучост назорат? Бовар кунед агар ба ман имконияти ба навор гирифтан ва тарики телевизион пахши ин камбудихо мешуд ками дар кам 100 мавзуъ вобаста ба камбудихои шахрдори руи навор меовардам.Манзури банда бадном кардани касе ва макомоте нест, аммо ба хар чиз аз руи вокеият бояд бахо дод, зеро дар урфият гуфтаанд"Офтобро бо доман пушида намешавад".Озоди илтимос чоп намоед!
Дар посух

Ном: Бобои Гаффор аз: Саримайдон
05.07.2012 19:15
Хой уко бутун гуроскунон бурафтед ку! Аз харфчиниаатон маълум ки мансубият ба ТВ1 ё шогирди бародар Асадулло Киммат мебошед.
Ин ду асосчаи овардаатон аз фармони Чаноби Оли асосан ба худди журналистон хам дахл дорад. " - таъмини вокеият ва таъсирбахшии маводхои танкиди ва тахлилиро вазифаи асосии фаъолияти хеш хисобанд;
- дар барномахои радио ва телевизион, сахифахои рўзнома ва мачаллахо, инъикоси саривактии натичахои вокунишро ба маводхои танкиди ва тахлили таъмин намоянд."
Як бор нагзтар хонед мефахмед, ки инъикоси вокеиятро бояд таъмин кунед на афсонахои холаи Гулбуттаро!!!!
Дар посух

Ном: vatandor аз: osmon
06.07.2012 08:52
Ба Бобои Гафор ба гуфти худаш аз Сари "майдон" -Фахмо мавзеъи зист чои таачуб нест ! Бобо дар вучуди мо ва дар ватандории мо шахс ба касе мансуб нест.Ин хусусият хоси шумобаринхост. Чи хеле, ки даврони баъди чанги баъзехо падари худро падар намегуфтанду, аммо вакте пурсони номаш мешуди мегуфт "Мо бачахакои.......-(номи кумандонеро мегирифт)" Аз инру фаромуш насоз, ки Асадуллоро мисли ту намешиносам ва шинохтан хам намехохам аммо пайи корхои у низ чунин фикре дорам, ки имруз нисбати шахрдори иброз намудам. Бобо бихон мавзуъи болорову худ казоват кун, ки Шавкат Сайидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе чи гуфта :"Дар ин гузориши барномаи «Ахбор» дар шоми 2-юми май назари мақомоти шаҳр ҷой надошт, ҳол он ки аввалан хонаҳои мазкур худсарона ва дар ҷои хатарнок сохта шуда, бо вуҷуди ин шаҳр ба осебзадагон мадад расонда буд". Аз ин сухани шахрдор хулоса баровардан мумкин аст ,ки агар хонаи шахрвандон худсарона сохта шуда бошад онхо хукуки гирифтани мададро надоштанд, аммо шахрдори гуё як икдом кард.Яъне онхо барои шахрдори шахрвандони бегона хисоб меёбанд . Агар чунин фахмиш буди шахрдори ва Гафорро!!!??....озоди илтимос чоп намоед.
Дар посух

Ном: Бобои Гаффор 2 аз: осмони нестам
06.07.2012 14:26
Аз мантики ту бармеояд, ки ту Осмони хасти?
Поён ой бародар мушохидаи ситорахо кори астрономхост.
Агар махорату малакаи персонажи Бобои Гафорро медонисти ба фикрам худро аз ситораи Сурх номнавис мекарди.
Принсипи базавии демократия хамин аст бародар: Хукуки фард то чоест, ки хукукхои дигарон поймол нашаванд.

Дар посух

Ном: vatandor аз: osmon
06.07.2012 15:31
Ба Бобои Гафор 2! Мефахмам, ки хаво гарм аст, аммо аз чи бошад,ки Гафорхо ба номи худ ракам изофа карда истодаанд!?Ачаб не ба гуфти худашон "МАНСУБ" ба Бозрасии давлатии Автомобилии ЧТ шомил гашта бошанд?.Ба хар хол аз эхтимол дур нест. Баъдан «Ракамдорон» гуш дихед, ки маконам osmon аст зеро дар замине, ки онро пурра вахшоният ихота дорад,миллати точик дар замини худ кадр надорад,хукуки одитарини он химоя намешавад, насли нав хамчун гулом ва "ГАСТЕРБАЙТЕР" ба воя мерасад, аз муаллим то "БОЛО" пора мегирад,ман мусалмонам гуён дуруги махз мегуяд,конун танхо барои химояи як гурухи алохида истифода мешавад,баъзехо мисли афсона дар персонажи Бобои Гафор худро тасаввур мекунанд, вучуд доштан нишони хубе нест. Худо накунад чунин давом кунад, ки сафи ракамдорон ва персонажхои афсонави зиёд мегарданд. Мо ба кучо равонаем!!!!???? Озоди илтимос чоп намоед! ваъда медихам, ки дигарбора наменависам.
Дар посух

Ном: Бобои Гаффор 3 аз: аз авчи Зухал
07.07.2012 09:35
Ба ватандор.

Гуфти бародарони урус ну и ПРИЕХАЛИ.
Аз хакталоши сухани мекуниву бар хакталабии дигарон биму шубха дори?
Агар ихтиёр дошта боши тамоми камбудихоро аз кайхри гили сиёх то авчи Зухал ба гардани шахри Душанбе бор мекуни?
Дар посух

Ном: Чабрдида аз: аз Душанбе
10.07.2012 16:47
Саломи худамро ба тамоми хонандагони ин радиои Озоди мерасонам...
Бобочон Гафуров гуфта буд, ки "Хакикат тегест, ки шумораи дустонро кам ва душманонро зиёд мегардонад"
Намояндахои Хукумат, ки дар чои ходиса бояд иштирок мекардеду акнун иширок накардед, ахсан. Шумо Аккахо хаммаатон одамони хуб хастед. Ин як мардум танхо дар байни Шумо бечора мондааст, хаки сухан гуфтанро надорад. Ба хонахои заррардида чи ёрдам кардед????. Ха кариб буд, ки фаромушт кунам замин додед барои сохтумони манзили истикомати ва мардумро барои кумак даъват намудед!!!!?? Хуб, мардум такрибан 10-15-25 соли дар ончо зиндаги мекарданд ва маблаги хакки хизматрасониро яъне андозу, барку, обро ба давлат месупориданд. Инчо, ки боронгари аз хад зиёд боридан, ки гирифт хонахо чаппа шудаанд ва аз ин наворхое, ки ТВТ пахш кард шахсони дахлдор каме норохат гардиданд. ТВТ кори хуб накарди. Акнун мардуми берун аз ватан аз холи мардуми азиятдидаи офати табии бохабар шудаанд, ки дар кадом вазъ карор доранд. Баъди баромади Шумо ТВТ онхо аз манзили истикоматихам махрум гаштаанд.
Вокеан манхам як проблема доштам ин хакикат аст, бо аризаи шикояти ба Раиси нохияи Шохмансур мурочиат кардам 5 сол пеш оиди рафъи як масъала, дар чавоби макутуб маро ба Хукумати шахр барои халли мушкили пешомада равон карданд....
Ачибаш дар он буд, ки ман ба Хукумати шахр аризаи шикояти пешиниход намудам, карибки 4 сол рафтаму омадам ва бе натичаву бе чавоб монд, ва вакте, ки барои чавобаш мерафтам мегуфтанд, ки мо чавобашро гардонидем, анна бо ин №???? вакте, ки нусхаашро талаб кардам боварии кас намеояд дар китоб кайд хасту чавоби хамаи аризахо хаст аз ман нест. Ман медонам баъди хондани ин шояд касе пурсон шавад, ки таърих надорад ин бухтон аст...Хохед бовар кунед хохед накунед. Касоне, ки масъуланд хакикатро аз шуъбаи умумии Хукумати шахр рафта пурсад...
Хандаовараш ин буд, ки ба макомоти Прокуратура шикоят намудам, аммо бе натича, Шумо бошед дар бораи як барномаи танкидие, ки хамаги 35-50 сония буд норохат шудед офарини маро намегуед, ки тули 5 сол аст, ки ман Хукумати шахр мераваму меоям. ЭЭЭХХ гапхо бисёранду.....
Чаноби Шавкат Саидов сухангӯи шаҳрдории Душанбе ман Ватанамро дуст медорам, Рохбаронашро аз барои Худо дуст медорам, ман миллатамро дуст медорам, ки давлату давлатдори кори осон нест..... Барои хамин аз баро Худо хохиш дорам камтарак дилатон ба мардум сузад,.... Озоди чоп кун илтимос.. камтарак гами дилма буровардам... Рахмат
Дар посух

Ном: Тролейбусчи
05.07.2012 17:47
Ман мухлиси Убайдуллоев нестам, лекин хамин шабаки аввала, ки факат кораш тарифу тавсиф аст, ба додгох кашидаст хурсанд шудам. Телевизион факат "заказ"-и калонора ичро кардан аст. Бо таърифу тавсифи бехуда обруи президента резонданд, Подхалими хам андоза дорад охир. Ягон бор надидам ки ин телевизон манфиати мардумро химоя кунад.Харчанд ин телевизион ба налоги мародум кор мекунад. Чаро дар бораи порахури чизе намегуед, дар бораи мушкилоти кадрии хукумат хичи намегуед? Чаро намегуед, ки боигарихои Точикистон факат дар дасти як гурух аст? То вакте шумо дар ин бора гап назанед ман бовар намукнем ки танкиди Убайдуллоев заказуха набуд!
Дар посух

Ном: Егыти Душанбе аз: -Маяковский
05.07.2012 19:07
Ана ман бошам мухлиси ашадии Убайдуллоев мебошам и мардак як вакт гуфтаги буд, ки Демократия ин гегемонияи Конун аст! Яъне мухтарам ТВ1 яку дуву се хам бояд дар чахорчубаи конун бояд сюжету барнома тахия кунад.

Мардак хукукхои худашро медонад ва хакашро талаб мекунад. Дар ин чо хеч чои таасубу е вой гуи нест бародарон. Ба хаки худ сохиб будан ин хам чавонмардист!!!!
Дар посух

Ном: Беном
06.07.2012 12:49
Гегемонияи конун мебуд, 99, 999 фоизи мансабдорон дар кунчи зиндон буданд. Вохимаи хуб карди... ..
Дар посух

Ном: саид аз: душанбе
10.07.2012 16:47
ки бовар дорад ки масъалаи наклиёти мусофиркаш дар пойтахти кишвари мо халли худро меёбад, аллакай 20 сол шуд, дар ягон давлати дунё дидед ки дар пойтахт попутная машина №3, №8, саховат, садбарг, корвон барин мусофироно кашонаду дигар восита онро иваз карда натавонад, агар ин мошинахоро манъ кунанд боз аз паси тролейбусхо кашол шуда мегардем, дар кучо дидед, ки старексхо ба чои се нафар чор нафар бор кунанд, дар кучои дунё дидаед, ки мардум тролейбесро барои рохи 15 дакикаина рафтан 10 дакика иловатан тела диханд,
хамсаи ин корхо сазовори сабт дар рекорди гиннес аст. истгоххоро бубинед дар чи холанд, боз аз кадомаш харф занам.... факат вой дод мегуяму бас.

Ном: Салим аз: Душанбе
04.07.2012 13:20
рост мегуяд шабакаи 1 , шахрдори агар ин кадар дилат ба мардум месузад, пешаки мардумро нагузор ки хона созанд дар чунин минтакахои хавфнок, ба хама маълум ки шахрдори хар як мавзеи шахрро нукта ба нукта медонад, дар аввал мардумро ичозат медиханду пас чанд муддат бо чурми гайриконуни, е хавфнок вайрон мекунанд....
Дар посух

Ном: Потенциальный Журналист аз: Питер-Душанбе
05.07.2012 19:23
Хай чи ин кадар вохимаву дабдаба. Суд махз барои хамин корхост ки хакро ба хакдор расонад. Вале дилам бар хамон журналист месузад, ки фармони А. Рахмонро ичро карду дар байни ду дарё тахтабанде шуд!
Агар акси хол мебуд чанобашон ба Озоди казияро шахр медоду сукутро ихтиёр намекард!!!!
Охир дар ТВТ садои гунчишк хам бе ичозату фармуди чанобашон пахш намешавад. Худованд журналистони ТВТ-ро аз качрахнамоии чаноби А.Рахмон нигах дорад! Омин!

Ном: Беном аз: Хучанд
04.07.2012 13:34
Чаро шахрдори то ба имруз тарики ВАО вокуниш нишон надода шабакаи якро ба додгох кашидааст. Бояд масъулин вокеиятро шарх медоданд.

Ном: musofir аз: dangara
04.07.2012 14:32
ин шахрдори худро малоика мехисобад ки бояд хеч кас онхоро интикод накунад !? чои он ки масоили маъишии мардуми шахрро хал кунад азонро манъ мекунаду масчидро мебандад гуё ки агар ин корро кунанд хамаи масалахо хал мешуда бошанд

Ном: Беном
04.07.2012 14:50
хамин шабакаи авалро бандан фаоъолият накунад барои онки ман дар хамин шабакаи авал кор мекунам ягон маъни надорад хамин ТВ1

Ном: Карим аз: Душанбе
04.07.2012 14:54
Ачаб, шахрдори бачои инки аз ин интикодхо истифода бурда шахрамонро обод кунад балки коре мекунад ки на шахр обод мекунад ва на мехохад касе айбашро гуяд. ба ин мегуянд шахри калону номи вайрон

Ном: Камолиддин аз: Душанбе
04.07.2012 15:29
эй мардакхои хуб, тинч мегарден. Бе ин хам хамсоя аз узви СПАД баромаду Руссия 201-умашро мегуяд маблаггузори намекунам, медонед ин чи маъни дорад. Барои як ду заправка шуда. Партоен хамин одатхои гандааи худро. 18 мохи оянда хасос аст. Э намедонам 20 сол аст дар атрофи Президент хурда мегардену хеч хушёрии сиёси пайдо накарден да
Дар посух

Ном: Беном
04.07.2012 19:46
Камоллидини вохимачи))) Мардум рост мегуяд.

Ном: фируз аз: точикистон
04.07.2012 18:24
Акун телевизион, ва умуман Кумита, дар доманаш гууууул мечинад. Шахсан, ба андешаи ман Хукумати шахр солхои охир корхои зиёд ба анчом расонидааст. Шабакаи 1 бошад бачои пешрави якбора ба асри 19 ворид шудааст.

Ном: кланшинос
04.07.2012 20:24
Ягон гузориши танкиди дар телевизиони давлати бе ичозати дастгохи президент пахш намешавад. Хатман ангезаи дигар дорад. Шояд чойи кори Убайдуллев ба клани Дангара даркор шудааст. Агарне телевизиони давлативу танкид!

Ном: рузноманигор аз: аз хучанд
04.07.2012 22:05
якумаш ман бисёр хурсанд,ки хамин сужахоям дар тв-хои давлати рох меёфтааст,манам тв-и давлатива кор мекунам мурамам хамин хел сужетоя рох наметиян,баъдан озоди хуб мешуд агар аз худи мухарир хам ягончи пурсанд.озоди илтимос чоп кун
Дар посух

Ном: Пайванд аз: Душанбе
05.07.2012 12:05
Хуб аст, ки телевизион масоили мухимро баррасй мекунад ва хуб аст, ки хукумати ш. Душанбе дар химояи хеш ба додгох мурочиат кардааст. Нишонахои аввалини риояи унсурхои чомеаи шахрвандй ба руйи кор меояд ва намунаи хубе барои хар кадом шахрванди Точикистон, ки дар химояи манфиатхои худ, халосиву дурй аз тахкиру мазамматхо дар расонахои хабарй аз имконияти мавчуда истифода кунанд. Додгоххо хам аз руйи инсофу адолат масъалахоро мавриди баррасй карор диханд, ки нуфузашон бол равад. Хар ду чониб-Кумитаи радио ва телевизион ва Шахрдории Душанберо табрик мегуям, ки бо чунин икдом ба озодандешиву химоя аз худу манфиатхои худ рох мекушоянд.
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Блогистон

Июл 28, 2014

Ҷонибек – ҳомии бепуштибони адаб

Писандидаҳо

Пурхонандаҳо
  1. Сӯхтори «барқасдона» дар манзили Сурайё Қосимова (10442)
  2.  Аз хонаи Сурайё Қосимова сейфро дуздидаанд (6453)
  3. Чаро муҳоҷирони тоҷик ба духтарони рус менигаранд? (4789)
  4. "Хеш"-и Саддом Ҳусейн марзшиканӣ кардааст? (4734)
  5. Бохти миллионҳои Усмонов барои ҳимоят аз Путин (4618)
  6.  Шӯҳрат Қудратов гуфт, ба ҳеҷ куҷо нахоҳад гурехт (2 ВИДЕО) (4026)
  7. Латукӯб дар масҷид барои пӯшидани... шортӣ (3943)
  8.  Додситони кул мегӯяд, Муҳаммадбоқир бояд ҷазо гирад (3863)
Пурбинандатаринҳо
  1.  Таҷлили иди Фитр дар Тоҷикистон
  2.  Беҳтарин аксҳои ҳафта
  3.  Авзоъ дар Навори Ғазза
  4.  Ангиштканони Панҷоби Покистон
  5.  Беҳтарин аксҳои National Geographic Traveler дар соли 2014
  6.  Шӯҳрат Қудратов дар додгоҳ
  7.  Муҳоҷирон ба занони рус бо "чашми бад" менигаранд?
Пурбаҳстаринҳо
  1. Муллоҳо гуфтанд, ки занҳо дигар либоси танг напӯшанд (34)
  2. Бонки Ҷаҳонӣ: "Тапак беҳтарин сӯзишвории тоҷикист" (28)
  3. Лавров аз Тоҷикистон ҳамандешӣ дар масъалаи Украинаро хост (25)
  4. "Хеш"-и Саддом Ҳусейн марзшиканӣ кардааст? (17)
  5. Додситони кул мегӯяд, Муҳаммадбоқир бояд ҷазо гирад (17)
  6. Марзбонони Ӯзбакистон ду чӯпони тоҷикро дастгир кардаанд (16)
  7. Шаҳрдори Кӯлоб: "Кишварҳо ва гурӯҳҳое дар пайи нооромии вазъ ҳастанд" (16)
  8. "Бахткушояк" -расми нави рӯзадорӣ ва ё рӯзахӯрӣ дар Тоҷикистон (13)
Пуршунавандаҳо
  1.  Ояндасоз
  2.  Меҳмони "Озодӣ"
  3.  Барномаи мусиқӣ
  4.  Меҳмони "Озодӣ"
  5.  Ояндасоз
  6.  Ояндасоз
  7.  Ояндасоз

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43